НИГОҲИ ҒАРАЗНОКИ М.КАБИРӢ БА ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Солхои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони ҷумҳурӣ аст. Чунки бо як чашмакзании қози Тӯраҷонзода ва дастгирии бевоситаи ҳаммаслаконаш аз ҳисоби аъзоёни ҲНИ дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайвасту ҳазорҳо сокинони бегуноҳ кушта шуда, бе хонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд. Дар навбати худ Тураҷонзода ва дигар ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ “панаҳ” ёфтанд.
Имрӯз бошад, Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор дошта, боз ягон нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми тоҷик чунин суистифода аз бовариҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоҳанд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоххох такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд. Бояд таъкид намуд, ки баста шудани бинои Раёсати олии ҲНИ дар шаҳри Душанбе ва барҳам додани ин ҳизб дар каламрави кишвар қобили максад ва саривақтӣ буд. Мо бояд шукронаи Истиқлолияти кишвар кунем ва барои гул-гул шукуфии он кӯшиш намоем, на аз қафои кадом як хоҷагони хориҷӣ шавему мансабталошӣ кунем.
Аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки даъвои Ислому Худошиносӣ мекунанд ва аз номи дин сухан меронанд, ба ғайр аз ба дасти худ гирифтани ҳокимият ва мансаб дигар мақсад надоранд. Дар асл ин шайтонсиратон на ба Худо кор доранд ва на ба Расул ва ин муқаддасоту покиро танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Агар дар вуҷуди пайравони ҲНИТ ақалан як зарра имону инсоф мебуд, ба хуни ин қадар мардуми тоҷик зомин намешуданд. Имрўз бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик нокомиву бадбахтӣ, куштору қашшоқӣ ва гуруснаги оварда, худашон шоху табъашон вазир шавад. Вале мардум имрўз дигар мардуми солҳои 90-ум нест, ки ба фитнаҳои ин тоифа бовар кунад.
Зеро, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.
Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон конеъ гардонида шуда, ЊНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд. То имрӯз руҳониёни исломии асил ЊНИ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.
Қаюмов Ф.Ғ. – дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ