Мулоқоти ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни хориҷи кишвар
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар баробари донишҷӯёни кишварамон муҳассилин аз кишварҳои Ӯзбекистон, Русия, Турманистон низ ба таҳсил фаро гирифта шудааанд.
Имрӯз, 11 майи соли 2023 дар Маркази таҳқиқоти давлатдории Пешвои миллати Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ,ректор, профессор Муъмин Шарифзода бо донишҷӯёни хориҷӣ суҳбат кард. Дар мулоқот роҳбарият ва намояндагони бахшу сохторҳои марбутаи донишгоҳ низ иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ зимни суҳбат бо онҳо перомуни шароиту имкониятҳои фароҳамнамудаи донишгоҳ ба донишҷӯёни хориҷи кишвар, раванди таълим, буду бош ибрози андеша кард.
Қайд карда шуд, ки қисми бештари донишҷӯёни хориҷиро дар донишгоҳ донишҷӯёни факултети муштараки ДДҲБСТ ва Донишкадаи молияи шаҳри Тошканд ташкил медиҳанд. Барои пешбурди фаъолияти факултети муштараки ДДҲБСТ-ДМТ бинои таълимии алоҳидаи иборат аз ду ошёна ва бист синфхонаҳои дорои таъмири замонавӣ ва бо доскаҳои электронӣ таҷҳизонидашуда таҳсил ба роҳ монда шудааст.Тули ду соли фаъолияти факултети муштараки ДДҲБСТ – ДМТ фаъолияти муштараки ҳайати профессорону омузгорони ДДҲБСТ ва ДМТ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби омузгорони кафедраҳои тахассусӣ ва умумитаълимӣ коркард ва нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон дар мулоқот донишҷӯёни хориҷӣ, ки фосилавӣ дар ДДҲБСТ таҳсил менамоянд, тариқи онлайн иштирок намуданд.
Сипас, чанде аз донишҷӯёни хориҷӣ ҷиҳати шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи хуби таҳсил дар донишгоҳ ба ректори донишгоҳ изҳори сипос карданд.