ДДҲБСТ: Хатмкунандагон соҳиби ҷойи корӣ мегарданд

12 майи соли 2023 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш-фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир шуд. Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо ташаббуси ДДҲБСТ дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои мобилӣ баргузор гардид. Ярмарка бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон бахшида ба 35-солаии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи ҷавонон ва 30-солагии ДДҲБСТ роҳандозӣ гардид.

Дар ярмаркаи  ҷойҳои кории холӣ муовини сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Наимҷон Тоҳирзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, директори филиали ҶСК “Тавҳидбонк” Зафар Раҳмонов, нозири шуъбаи муқовимати раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Комрон Нуриддинзода, сардори шуъбачаи тайёркунии кадрҳо ва муассисаҳои таълимии шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайъати шахсии РВКД дар вилояти Суғд Аскарҷон Оқилзода, сардори бахши фарҳанг ва робита бо ҷомеаи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Юсуфҷон Юсупов, роҳбари дастгоҳи раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Мухбира Аббосова, мудири шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд Гулчеҳрахон Наҷмиддинзода, намояндаи раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Диловар Муродов ва намояндагони ташкилотҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ширкатҳои мобилӣ иштирок намуданд.

Нахуст, меҳмонон аз гӯшаҳои ба намоишгузоштаи корхонаву ташкилот ва пешниҳоди намоишу фуруши ҳунарҳои мардумиву маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои ҶДММ “Файзи Расул”, ҶСК “Зуҳал”, ширкати “Яхмоси-33”, ҶСК “Химус” дидан карданд. 

Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро ба ярмарка шодбош намуда, иброз дошт, ки ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз масъалаҳои меҳварии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардида истодааст.  Вобаста ба ин масъалаи муҳиму афзалиятнок имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои зиёд ба сомон расонида мешаванд, ки ҳадафи асосии онҳо мусоидат ҷиҳати бо кори доимӣ таъмин гардидани хатмкунандагон, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад. Бахусус, раёсати донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомўзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таьмин намудани хатмкунандагон бо 167 адад корхонаю ташкилот шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. 

Дар соли хониши 2022-2023 донишгоҳро 1300 нафар донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда дар самти ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт, муносибатҳои байналхалқӣ, андоз ва андозбандӣ, молия, маркетинг, менеҷмент ва дигар ихтисосҳои наву замонавӣ хатм менамоянд, ки ҷойҳои кории холӣ бо назардошти ин дар ярмаркаи имрӯза пешниҳод гардидаанд, илова кард Шарифзода М.М.

Дар идома, чанде аз роҳбарону намояндагони мақомоту идораҳои ҳамкор баромад карданд.

Дар ярмарка аз ҷониби беш аз сад корхонаву ташкилот беш аз 1650 ҷойи ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа 50 нафар соҳиби роҳхат шуданд. Музди маоши пешниҳодгардида аз 600 то 4000 сомониро ташкил медиҳад. Дар интиҳо барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони мақомот, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои бонкӣ бо Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Баргузории чунин ярмаркаҳо дар ДДҲБСТ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо ҷалби васеи корхонаву ташкилотҳои ҳамкор доир карда мешавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like