Ҷавонон – нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон

11 майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҳамоиши ҷавонон раиси КИ ҲХДТ дар шазри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров иштирок ва баромад карданд.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишҳгоҳ Шаҳноза Нормавтова маҳфилро ифтитоҳ карда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад» .
Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар шазри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров баромад намуданд. Таъкид шуд, ки ҷавонон қишри серҳаракати ҷомеа, қувваи пуриқтидори меҳнат ва кафили асосии оромии мамлакат буда, барои давлат неру, захираи тавоно ва афзалиятноки инсонӣ ба ҳисоб мераванд.Ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор доранд.
Дар идома ба ҷавонони фаъоли донишгоҳ, ки дар чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ ва корҳои ҷамъияти иштирорки фаъол доштанд бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.Бо барномаи адабӣ- фарҳангӣ, маҳфили ҷавонон ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи Моҳвораи ҷавонон дар донишгоҳ чорабиниҳои мухталиф баргузор гардида истодаанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like