ДДҲБСТ: Баргузории чорабиниҳои мухталиф бахшида ба Иди ғалаба
Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ғалаба конференсияи илмию тарбиявӣ таҳти унвони “Саҳми тоҷикистониён дар ғалаба бар Германияи фашистӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш олимону таърихшиносон, кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова конференсияро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ мебошад.
Сипас, мудири кафедраи таърих ва диншиносии донишгоҳ Фурқат Ҳомидзода ва муаллимаи калони ҳамин кафедра М.Ҳомидзода перомуни саҳми тоҷикистониён дар ғалаба ибрози андеша карданд.
Зикр шуд, ки ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо наздик 300 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл нишон додаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.
Ҳамзамон, ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар дигар кафедраву факултетҳои донишгоҳ чорабиниҳои тарбиявиву илмӣ баргузор гардиданд. Донишҷӯёни донишгоҳ зимни чорабиниҳо шеъру гуфторҳо қироат карданд ва саҳнаҳо намоиш доданд, ки муҳтавояш қаҳрамониву ҷонисориҳои қаҳрамонони ҶБВ, дӯст доштани Ватан, сарзамин ва хоки поки меҳан буд.