Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ДДҲБСТ
06 майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» доир гардид. Дар озмуни мазкур намояндаи бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Набӣ Ҷӯразода, директори мактаби мусиқии бачагонаи ба номи Боймуҳаммад Ниёзов, Абдурашид Маҳмудов, директори мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд Рауф Раҳматов, роҳбарияти донишгоҳ, аъзои ҳакамон ва иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.
Озмун бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 02.02.2023, таҳти №АП – 329 ва дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, роҳандозӣ шуда, аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир шуд.
Дар озмуни мазкур донишҷӯён – ғолибони даври факултетӣ байни ҳам рақобат намуданд. Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг, санъати тасвирӣ ба инобат гирифта шуданд. Дар даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» наздик 50 нафар донишҷӯён иштирок карданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайъати ҳакамон ғолибон муайян ва ба даври баъди роҳ ёфтанд.
Ҳамин тариқ, аз рӯи номинатсияи навозандагӣ ҷойи аввал насиби донишҷӯи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ Анӯшервони Ҷамолиддин, мақоми дуюм насиби донишҷӯи курси якуми факултети ҳуқуқшиносӣ Дилшод Холиқов ва ҷойи сеюм насиби донишҷӯи курси дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ Амирмуслим Соҳибов гардид.
Дар номинатсияи санъати тасвирӣ ҷойи аввал насиби донишҷӯи курси дуюми факултети баҳисобгирӣ ва андоз Райҳона Мухторова, мақоми дуюм насиби донишҷӯи курси якуми факултети баҳисобгирӣ ва андоз Парвина Қурбонова ва ҷойи сеюм насиби донишҷӯёни курси якуми факултети ҳуқуқшиносӣ Динора Мамадалиева ва Макнуна Ҳамзаева гардид.
Дар номинатсияи сарояндагӣ бошад, мақоми аввал насиби донишҷӯи курси дуюми факултети инноватсия ва телекоммуникатсия Довуд Камолзода, ҷойи дуюм насиби муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Райҳона Мирмаматова ва ҷойи сеюм насиби донишҷӯи курси сеюми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Ортиқҷон Ёдгоров шуд.
Дар интиҳои озмуни мазкур намояндаи бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Набӣ Ҷӯразода ва муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Шаҳноза Норматова баромад намуда, ба донишҷӯён – иштирокчиёни даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» изҳори сипос карданд ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки бояд дар ҳама озмунҳо фаъол бошанд. Ғолибони озмун дар ҷамъбасти Моҳвораи ҷавонон бо Диплом, Сипоснома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита ҷомеа