Ҷамъбасти мусобиқаи футбол дар донишгоҳ

Бо бозии дастаҳои факултети ҳуқуқшиносӣ ва сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар даври ниҳоӣ мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба анҷом расид. Мусобиқаи мазкур дар доираи чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон дар донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва 30- солагии ДДҲБСТ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур шаш дастаи факултетҳои донишгоҳ байни ҳам рақобат карданд.
Вохӯрии дастаҳои факултети ҳуқуқшиносӣ ва сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар даври ниҳоӣ пуршиддат ҷараён гирифта, вақти асосӣ бо натиҷаи 1 бар 1 хотима ёфт. Довар барои муайян намудани дастаи ғолиб силсилазарбаҳои 11 метра тайин кард. Дар натиҷаи задани силсилазарбаҳо тими факултети ҳуқуқшиносӣ ғолиб шуда, сазовори ҷойи аввал ва дастаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ мақоми дуюмро гирифт.
Дастаи факултети инноватсия ва телекоммуникатсия бо шикаст додани тими факултети молияи донишгоҳ мақоми сеюмро ба даст овард.
Ғолибони мусобиқаи футбол бо Медалу Ифтихорнома ва Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Баргузории мусобиқаҳои дигар дар доираи Моҳвораи ҷавонон дар донишгоҳ идома дорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like