ҶАВОНОН – НЕРӮИ БУЗУРГ ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Ифтихори бузурги ҷавонони давлати соҳибистиқлол аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, ояндаи Тоҷикистони ҷавонро бо боварии комил дар дасти ҷавонон мебинанд.

Дар замони муосир баҳри пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мавқеи ҷавонон нақши муҳимро мебозад, зеро 70 фисади ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳақиқат ҷавонон дорои зеҳни тозаю созанда, маҳорати бузурги эҷодкорӣ ва қобилияти корӣ мебошанд, ки фаъолияти истеҳсолии онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусбат арзёбӣ карда мешавад.

Ҷавонони ҳар кишвар сармояи муҳимтарин нерўи он миллат ба ҳисоб мераванд, ки агар ин нерў ба хубӣ парвариш дода шавад, оянда метавонад ҳосил ва натиҷаи хубе барои он миллат ва кишвар бошад. Дар кишвари мо низ имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонон корҳои назаррас дар соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ, варзиш, сайёҳӣ, алоқа, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра.

Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки имрўзҳо ҷавонони кишвар ҳамчун қувваи бузурги созандаву эҷодкор эътироф шудаанд. Дар ин радиф ҷавонон метавонанд барои пешрафти Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки пешбурди фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро бе ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро тамоми корҳо ва чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, оммавӣ ва сиёсие, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, маҳз бо дастгирӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон ташкил ва баргузор мегардад.

Ҷавонони имрўза, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд.

Дар шароити муосир ҷавонон бо иродаи қавӣ дар конфронсҳо, ҳамоишҳо, олимпиадаҳо ва ғайра, ки дар дохиливу хориҷи кишвар гузаронида мешавад, бо дониши волои худ муаррифгари Ватани азиз буда, парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бардошта истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти ҷавонон аст. Зеро маҳз ҷавонони худогоҳу ватанпараст, ватандўст, маорифпарвар ва сиёсатмадор метавонанд кишвари ҷавонро боз ободу гул – гул шукуфон гардонида, дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дорад. Аз суханони Сарвари давлат бармеояд, ки он кас ояндаи рушду нумўи давлати тоҷиконро дар иттифоқӣ, ҳамдастӣ, таҳаммулпазирии ҷавонони даврони соҳибистиқлол мебинанд.

Ҷавонон бо дастуру раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб медонанд, ки бе аз худ намудани дастовардҳои илму техника,  технологияи муосир ва дар сатҳи баланд донистани забонҳои хориҷӣ наметавон мутахассиси комил шуд. Ҷавонони соҳибистиқлол Паёми навбати Сарвари давлатро хуб дар хотир доранд, ки «Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

Боиси ташвиш аст, ки имрўз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд: «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи  Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим  кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани бўҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Ҳамаи ин воқеаву рўйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рўбарў сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеч умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии имрўза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурўғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.

Дар ин ҷода ҳар ҷо ҷавонон бояд ҳисси баланди миллӣ нисбат ба Ватани худ дошта бошанд. Бо Ватан, миллату давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ҳамеша барои пешрафти давлатамон саҳмгузор бошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавононро аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти хеш қарор дода, кӯшиш ба харҷ дорад, ки бояд ҷавонони бо нангу номуси миллат имрӯз ташаббусҳои созандаи худро пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвари азизи худ бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намуда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддаси хеш бошанд.

Сарвари давлат дар баромадҳояшон чунин нуқтаҳоро зикр менамоянд: «Мо аз шумо умедҳои зиёд дорем, ки ин сарзамини аҷдодӣ, Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони азиз оянда бо дасти шумо ҷавонони бонангу номуси Ватан боз ободу зеботар мегардад ва парчами истиқлолияташ ҳамеша парафшонӣ менамояд».

 

Саломов Д. – мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

You might also like