Донишҷӯёни донишгоҳ соҳиби ҷойи корӣ мегарданд
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд бо донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид. Мулоқоти мазкур дар доираи ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд доир гардида, он бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова оғоз шуд.
Сипас, кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд доир ба шароиту имкониятҳои фурудгоҳ, шуъбаву бахшҳо ва самтҳои хизматрасонӣ маълумот доданд. Аз ҷониби кормандони Фурудгоҳ иброз гардид, ки дар дар коргоҳи онҳо шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Онҳо аз донишҷӯён махсусан донишҷӯдухтарон даъват ба амал оварданд, ки барои онҳо ҷойҳои корӣ дар шуъбаву бахшҳои хизматрасонии Фурудгоҳ фароҳам аст. Маоши хуб низ муқаррар гардидааст. Илова шуд, бо онки тайи солҳои охир фаъолияти Фурудгоҳ доманадор шуда, сатҳи хизматрасониаш бамаротиб беҳтар гардидааст, таваҷҷӯҳ ба мутахассисони варзида ва кормандони забондон афзудааст. Дар ин замина ҷиҳати бо мутахассисони кордону дорои малакаи баланд ба роҳ мондани фаъолият роҳбарияти Фурудгоҳ тасмим гирифтааст, ки ҳамасола бо хатмкунандагони ДДҲБСТ вохӯриҳо доир намуда, ҷавонони дорои қобилияти баланд ва забондонро ба кор ҷалб намояд.
Таъкид шуд, ки тӯли солҳост хатмкунандагони ДДҲБСТ дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд фаъолият доранд. Ҳамкории дуҷониба аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ таҷрибаомӯзиашонро дар онҷо сипарӣ менамояд.
Ҳамзамон кормандони Фурудгоҳ ҷойҳои кории холии худро муаррифӣ карданд ва донишҷӯён доир ба шароити корӣ, музди меҳнат саволҳо пешниҳод намуда, посух гирифтанд.