Омӯзиши амиқи илмҳои техникӣ дар озмоишгоҳи телекоммуникатсионӣ
03 майи соли 2023 дар озмоишгоҳи телекоммуникатсионии Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили амалӣ бо иштироки мудири шуъбаи техникии ширкати ҶСП “ТТ мобайл” (МЕГАФОН Тоҷикистон) дар вилояти Суғд Хоҷиев Т. баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни фаъоли ихтисосҳои технологияи иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионӣ, системаҳои автоматикунонидашуда ва технология ва низоми иттилоотӣ бо омӯзгорони факултети инноватсия ва телекоммуникатсия иштирок намуданд. Маҳфили мазкур ҷиҳати амали намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии «Барномаи мақсадноқи давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ташкил шуда, баррасии муаммоҳои мубрами самти илмҳои дақиқ пешбини шудааст.
Аз тарафи мутахассиси соҳа ба донишҷӯён, корҳои ба анҷом расонидаи ширкат ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии ба шабакаи глобалии Интернет ва муаммоҳои он, таҷҳизоту барномаҳои телекоммуникатсионии истифода мешуда, шароитҳои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, талаботҳо барои ба кор қабул намудан ва дар оҳир шароиту имкониятҳои ширкати мазкурро муаррифӣ намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки барои донишҷӯён дар чоранибинии минбаъда насб ва идоракунии базаи стансиявии телекоммуникатсионӣ омӯзонида мешавад