СӮИСТИФОДАИ ТЭТ ҲНИ АЗ ИСЛОМ

Чуноне, ки ба хамагон мусаллам аст, собик хизби нахзати исломи Точикистон, хозира ташкилоти экстремисти-террористии ҲНИ дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шуравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и нохияи Бохтар таъсис ёфтааст. Созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна амал мекард. Мақсад ин барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд. Боиси шукр ва хушнудист, ки аз марому мақсади ҳизби наҳзат мо саривақт огоҳ гардидем.

Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Аз 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мебурд. Ҳизби мазкур баъд аз шикасти сахт хӯрдан дар шаҳри Душанбе, Кофарнихон ва Файзобод моҳи декабри соли 1992-1993 ба ноҳияҳои минтакаҳои Ғарм ҷойгир шуданд. Дар он ҷой мардумро бо рохи зуроварӣ ба худ ҷалб мекарданд. Гуё ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ мекарданд.

Роҳбарони ин гуруҳ онҳоро ба ҷиҳод – ба муқобили Ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд.

Дар матбуот ва масҷидҳо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Ин созмон бисёр ҷиноятҳои вазнин содир намуд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИТ оқибат шикасти сахт хӯрда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИТ шомил буданд. Аз солхои 1992-1997 ҲНИТ дар ҶИА амал намуданд. Дар муддати ин солҳо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба максади нопоки худ бирасанд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиҳрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба кайд гирифта шуд. Раиси собиқи ҲНИТ М. Химматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намудааст: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазифаҳо дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шудааст».

ТЭТ ҲНИ симои худашро тавассути узви фаъоли он Мулло- Абдурахим Каримов ошкор гардонида буд. Яъне ҲНИ аз фаъолияти пинхонӣ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИТ, аз ҷумла дар бораи барномаи сиёсии пинхонии ҲНИТ огахӣ надоштанд. Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёди кардани хизби исломӣ, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиханд, худ тафрика андохтан миёни мардум мебошад. Тамоми руҳониёни машҳури тоҷик ҲНИТ-ро кабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобӣ донистанд. Фаъолияташро номаъкул хисобиданд. Аммо ҲНИТ ба иродаи мардуми мусулмон ва руҳониёни мазхабӣ нигоҳ намекард. Бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Боз маротибаи дуюм хамчун хизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудани ҲНИТ аъзоёни он бисёр ҷиноятҳо содир намуданд, ба амалҳои террористӣ даст мезаданд.

Хуллас, мақсади асосии ин хизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафрикаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобки моддаи 4-и Конуни ЧТ «Дар бораи ҳизбхои сиёсӣ», ки фаъолияти онхо ба терроризм, зуроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвик менамоянд, манъ аст.

Роҳбари ҲНИТ холо дар хориҷи кишвар мебошад. Мухиддин Кабирӣ ва хаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёна ба модар, хиёнат ба мазӣаби Ҳанафӣ, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандустӣ, дустиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИТ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс хамаи корхояшон мухолифи фармудаҳои китоби мукаддаси мусалмонон «Куръон» буд. Онҳо таъкид менамуданд, ки дар интихоботҳо номи Исломро хат назанед, ки кофир хоҳед шуд. Аз ин маълум мегардад, ки максад якто-мукобили Хукумати конунии ҶТ баромадан. Исломи азиз дуруғу фиребу иғвогариро намеписандад.

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии ҶТ конеъ гардонида шуда, ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ба суханҳои ин хоинони миллат ҳаргиз фирефта нагардем ва ҳамеша аз паи ободии Ватани азизамон бошем.

         Исоқов М. Т. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like