Иштироки донишҷӯён дар мурофиаи судӣ

Имрӯз донишҷӯёни соли дуюми шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки аз фанни таҷрибаомузии таълимӣ таълим мегирифтанд бо роҳбари таҷрибаомузии таълимӣ н.и.ҳ., Очилова Ф.А. дар ҷараёни суди сайёри шаҳри Хуҷанд, ки дар факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ баргузор гардид, иштирок намуданд. Раисикунандаи Маҷлиси судӣ судяи Суди ш. Хуҷанд Саидмухторзода Шӯҳрат буда, айбдоркунандаи давлатӣ, ёрдамчии прокурори ш. Хуҷанд Шералиев Шайхан, котиби маҷлиси судӣ Мараҷабов Аъзам иштирок доштанд ва судшаванда бо моддаи 307 иловаи 1 қисми 2, КҶҶТ мурофиаи суди гузаронида шуда, бо мақсади муайян кардани ҳолатҳои зарурии парванда танаффус эълон карда шуд ва давоми маҷлиси судӣ дар Суди ш. Хуҷанд баррасӣ карда мешавад, ки донишҷӯён метавонанд аз имконият истифода бурда иштирок намоянд.
Аз рӯи баромади прокурор маълум шуд, ки судшаванда, тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳу равияҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастан ва ҷонибдорӣ намудан онро манъ кардааст, пайваста онро тарғиб кардааст. “Мо хостем, ки донишҷӯёни мо ба ин Маҷлиси судӣ иштирок карда бубинанд, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил шудан ва ҷонибдорӣ намудан ҷавобгарӣ дорад” мегӯяд роҳбари таҷрибаомӯзӣ Очилова Ф. Пас аз эълони танафус оид ба парванда Раисикунандаи Маҷлиси судӣ судяи Суди ш. Хуҷанд Саидмухторзода Шӯҳрат бо донишҷӯён сӯҳбати озод ороста, дар бораи нагаривадани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ибрози андеша намуда, ба донишҷӯён оид ба пешгирии ин падидаҳои номатлуб даъват ба амал овард.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни риштаи ҳуқуқшиносӣ бештар таҷрибаомузии хешро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо роҳбарии омӯзгорон сафарбар шуда ба Маҷлисҳои судӣ иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз ташрифи донишҷӯён дар суди сайёр ин шиносоии бевосита дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ, такмил додани донишҳои назариявиву амалӣ, андӯхтани таҷрибаи пешқадам ва ба ин васила тақвияти дониш ва малакаву маҳорати тахассусӣ арзёбӣ карда мешавад.

You might also like