Саҳми ҲХДТ дар рушди соҳаи илму маорифи кишвар

27 апрели соли 2023 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд конфренсияи умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон», ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддини Айнӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур дар баробари олимону коршиносон ва намояндагони мақомоту идораҳо ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Шарифзода Мӯъмин Машокир дар мавзӯи “Саҳми ҲХДТ дар рушди соҳаи илму маорифи кишвар» баромад намуд. Зимни маърӯзаи хеш Шарифзода М.М. иброз  дошт, ки таҷрибаи давлатҳои пешқадам собит сохтааст, ки яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа мавҷудияти нерўи сиёсии солиму созанда маҳсуб мегардад. Ин нерўи сиёсӣ  бояд қабл аз ҳама манфиати аксарияти ҷомеаро ифода кунад, мардумро ба мақсадҳои олии созанда сафарбар карда тавонад. Дар ҳама маврид, аз ҷумла дар лаҳзаҳои барои мардум тақдирсоз якпорчагии кишвар ва ваҳдати ҳамагониро таъмин намояд. Ҳамчунин,  ин нерў бояд  инъикосгари андешаи солим, пушту паноҳи арзишҳои миллӣ, ифодагари афкори пешқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Роҳбаладии чунин нерўро шахсияти ҷисман ва маънаван тавоно, ҳамдаму ҳамнафаси мардум, инъикосгари манфиати ҳамаи табақаҳои ҷомеа, баёнгари орзую ормонҳои таърихии мардум дар ўҳда дошта бошад. Бешубҳа,  ба ҳайси ин нерўи созанда дар ҷомеаи имрўзаи мо – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси хирадсолори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эътироф гардидаанд.

Тавре Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Бист қадами созанда”, ки ба ифтихори 20-солагии ҲХДТ рӯи чоп омада буд, иброз доштаанд: “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем”. Дар ин суханон масъулият, самимият ва меҳру муҳаббат нисбати имрӯзу ояндаи халқ эҳсос гардида, гувоҳӣ аз он мебошад, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ҳизби мазкур муттаҳид кардани нерўҳои пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ аст, ки барои барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ мутараққӣ талош меварзад, илова намуд Шарифзода М.М.

Ҳамзамон имрӯз бахшҳои конференсияи умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон» бо иштироки олимону коршитносон дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.

You might also like