Ҷабҳаҳои муосири иқтисодиёт ва идоракунӣ
Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалии донишҷӯён таҳти унвони “Ҷабҳаҳои муосири иқтисодиёт ва идоракунӣ” тариқи онлайн баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур муҳассилини мактабҳои олии кишварҳои Русия, Белорусия ва Тоҷикистон иштирок ва баромад карданд.
Дар ҳамоиши онлайнии байналмилалӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, Тӯрақул Ризоқулов иштирок карда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо маърӯзаҳои илмӣ дар чунин ҳамоишҳо пайваста иштирок намоянд.
Донишҷӯёну магистрантони донишгоҳ Рухшона Ҷамолова, Севара Раҳмонова ва Фарзона Саидбекова бо маърӯзаҳояшон дар ин конференсияи байналмилалии онлайнӣ баромад карданд.
Ҳадафи баргузории конференсия ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯёну магистрантон, мубодилаи афкори муҳассилини донишгоҳҳо ва омӯзиши амиқи ҷабҳаҳои муосири иқтисодиёт ва идоракунӣ маънидод гардид.