Ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ
26 апрели соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти коршиноси масъалаҳои сиёсӣ, олими шинохта ва муҳаққиқи варзида, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шаҳноза Норматова мулоқотро ифтитоҳ карда, мавзӯи онро барои донишҷӯён дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботу оромӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ муҳим арзёбӣ кард.
Сипас, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯъҳои “Аҳамияти сиёсии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим” ва “Руҳия ватандӯстӣ ва таҳкими он” баромад намуд.
Коршинос бо факту далелҳои таърихӣ аз куҳанбунёдӣ ва соҳибдавлативу соҳибтамаддунии миллати тоҷик ёдовар шуд. Абдуллоҳи Раҳнамо вазъи кунунии ҷаҳони муосирро нигаронкунанда арзёбӣ карда, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ , ҳимояи сарзамин ва нигаҳдошти онро махсус таъкид кард. Ӯ ба ҷавонон тавсия дод ба ҳар гӯшаи кишвари азизамон сафар намоянд, аз минтақаҳои таърихиву сайёҳӣ дидан карда, бо иқлим, расму оини маҳал шинос гарданд. Зеро ин раванд ба ҳисси ватандӯстии воқеии онҳо таъсири мусбат хоҳад гузошт.
Абдуллоҳи Раҳнамо зимни андешаронӣ дар мавриди ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари азизамон изҳор дошт, ки дар воқеъ ин иқдомҳо дар муаррифиву шинохти кишвари соҳибхираду соҳибтамаддунии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ замина гузошта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сарвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҷаҳониён шинохтанд.
Дар идома, чанде аз донишҷӯён аз коршиноси масъалаҳои сиёсӣ перомуни таъсири мусбиву манфии ҷаҳонишавӣ, роҳҳои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ пурсон гардида, посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар интиҳо аз Абдуллоҳи Раҳнамо даъват ба амал оварда шуд, ки дар мавзӯъҳои мухталиф бо донишҷӯён мулоқот анҷом диҳад ва коршиносон бо хушнудӣ пешниҳоди мазкурро пазируфт.