Баргузории бошукӯҳи ҳафтаи забони хитоӣ дар донишгоҳ

Шурӯъ аз санаи 17 то 20 апрели соли равон дар кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ ҳафтаи забони хитоӣ доир гардид. Дар доираи    ҳафтаи забони хитоӣ бо ҷалби мутахассисони варзида чандин чорабиниҳои илмиву таълимӣ ташкилу баргузор гардиданд.  Имрӯз маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони «Тоҷикистону Чин: шарикони стратегӣ» бахшида ба Рўзи байналмилалии забони хитоӣ баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур  муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, профессор Даврон Бобоҷонов , директори Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби Хитой – Жен Гентян, директори Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон – Валиева Мастура , декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Акмалова Мунира, мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ҷураев Абдураҳим ва донишҷўёну омўзгорони факултет иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ иброз шуд, ки забони хитоӣ яке аз шаш забони расмии Созмони милали муттаҳид ба ҳисоб меравад ва дар соли 2010 бо қатъномаи махсуси СММ 20 апрел “Рӯзи байналмилалии забони хитоӣ” эълон карда шуд. Ҳамзамон баромадкунандагон доир ба таъриху фарҳанги ва адабиёти Чин, муносибатҳои дӯстонаву ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой ибрози андеша карданд.

Барномаи хуби фарҳангӣ, ки аз қироати шеърҳо, гуфторҳои Конфутсий, рақсу сурудхонӣ иборат буд, ба маҳфил ҳусни дигар зам кард.

Дар интиҳо ба донишҷӯён, ки дар баргузории ҳафтаи забони хитоӣ иштироки фаъол доштанд бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои садорати факултет қадршиносӣ гардиданд.

Маҳфили илмию адабӣ дар доираи ҳафтаи забони хитоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони хитоӣ хубу хотирмон ба анҷом расид.

 

You might also like