Фаъолияти назарраси шуъбаҳои магистратура ва докторантура дар омода намудани олимони ҷавон

Имрӯз дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявии магистрантон ва докторантон таҳти унвони “Олимони ҷавони асри XXI” баргузор гардид. 

Конференсия ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи илми тоҷик, 30-солагии ДДҲБСТ, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва 10 солагии шуъбаи магистратура  доир шуд. Дар кори ҳамоиш роҳбарияти донишгоҳ ва магистрантону докторантон иштирок карданд.

Сипас,  маърӯзаҳои муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДҲБСТ Тӯрақул Ризоқулов дар мавзӯи “Самтҳои афзалятноки рушди илм”, мудири шуъбаи магистратураи донишгоҳ Мавлуда Асророва  дар мавзӯи “10 соли омодагии кадрҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар зинаи магистратура”, устоди донишгоҳ Аълохон Бобозода зери номи “Пажӯҳиш дар самти илмҳои дақиқ”  омӯзгор Қоситов Ҷ. Дар мавзӯи “Оид ба масъалаҳои мутобиқнамоии кормандон ба роити меҳнат”, Муҳиба Ҳасанова дар мавзӯи “Муҳтаво ва зарурияти рақамикунонии иқтисодиёти минтақа”, Нилуфар Саломова “Такмили инфрасохтори бозори молиявии минтақа”, Шарипова Н. Дар мавзӯи “Муаммоҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқии марбут ба бандубасти ҷиноятҳо ба муқобили моликият” ва Мирпочоева М. таҳти унвони “Чораҳои ҳуқуқӣ ва амалиявии бартараф намудани сабабҳое, ки боиси бекоршавии никоҳ мегардад” шунида шуд.

Иброз шуд, ки аз соли 2013 то инҷониб, яъне дар тўли 10 сол ба шуъбаи магистратура 996 нафар дохил гардида, 586 нафар хатм карданд. Шуъбаи магистратура фаъолияти худро дар тайёр намудани магистрантони сатҳи баланди тахассусмандӣ мебинад. Таҳсили магистрантон тибқи низоми таҳсилоти кредитӣ ҷараён гирифта, бо ҷалби устодони унвондор ва соҳибтаҷриба мегузаранд. Ҷараёни машѓулиятҳо доимо зери назорат аст. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тибқи нақшаи намунавӣ дар кафедраҳои тахассусӣ ба роҳ монда шудааст. Бештари магистрантон дар конфронсҳо, форум, синпозиум, мизи мудавварҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишгоҳи иштирок намуда, дорои сертификат ва сипосномаҳо гардидаанд. Дар давоми 10 соли сипаригардида зиёда аз 50 нафар дорандаи стипендияи раиси вилояти Суғд, стипендияи раёсати донишгоҳ гардидаанд. Инчунин бо дипломи аъло хатм намуданд, ки бештари онҳо корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро дар докторантура давом дода истодаанд. 

Магистрантони донишгоҳа дар барномаҳои байналхалқӣ, ки мо бо якчанд донишгоҳҳои Федератсияи Россия ва Қазоқистон барои табаддул иштирок менамоянд, ва соҳиби дипломи 2 донишгоҳ мегарданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба чанде аз магистрантони фаъол Сипосномаву Ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

You might also like