Баргузории маҳфилҳои илмӣ дар доираи ҳафтаи илм дар донишгоҳ

Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва дар доираи ҳафтаи илм дар донишгоҳ дар баробари баргузории конфронс ва чорабиниҳои илмӣ маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо ташкилу баргузор гардиданд. 

Дар Маркази таҳсилоти рақамӣ ва факултети баҳисобгирӣ ва андоз маҳфилҳои илмӣ баргузор гардиданд. Дар маҳфилҳои илмӣ намояндагони раёсати донишгоҳ низ иштирок доштанд.

Дар маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо бештар донишҷўён дар мавзӯҳои алоҳида маърӯзаҳои илмӣ карданд. 

Чорабиниҳои дигари донишгоҳӣ ба муносибати ҳафтаи илм дар донишгоҳ идома дорад.

You might also like