ЯГОНАГИРО АРҶ ГУЗОРЕМ
Устод Лоиқ барҳақ фармудаанд:
…Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,
Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб,
Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст…
Тоҷик ҳама умр ба ҳар бозии қисмат,
Бардошт биёмӯхта зи кӯҳи ватанаш буд.
Ҳар теша, ки бар синаи ҳар санг фурӯ рафт,
Доғи дили бекинаю хуни кафанаш буд…
Мардуми тоҷик аз азал «босанъату, бофитрату, боақли мунаввар» назди оламиён нуфуз дошт ва дорад. Бахусус, дар замони сиҳибистиқлолии Тоҷикистон пешрафти тамоми соҳаҳо назаррас аст.
Вале, мутаассифона, байни халқу давлатҳои аҷнабӣ нотавонбинон тарвиҷу равнақи кишвари биҳиштосои моро чашми дидан надоранд. Онҳо бо ҳар роҳе садди роҳ мегарданд, аммо новобаста ба ин тазодҳо, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мо ба пеш, ба ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад.
Зуҳури падидаи номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм дар баробари дигар мамлакатҳои дунё ба Тоҷикистон низ хатари ҷиддӣ роҳандозӣ мекунад. Намояндагони ин гуна гурӯҳҳо (бахусус гурӯҳи Давлати исломӣ, ТЭТ ҲНИ) тавассути интернету воситачиёни худ бештар ҷавонон ва оилаҳои камбизоатро ба амалҳои номатлуб ҷалб мекунанд, ки оқибатҳои фоҷиаовар бо худ меоварад. Онҳо маблағҳои калони пулиро ваъда дода, барои қатли ом террористони худкуш тайёр мекунанд, оятҳои Қуръони муқаддасро барои манфиату ҳадафҳои қотилонаи хеш нодуруст тарҷума карда, байни мардум корҳои иғвогарӣ мебаранд. Аз ин хотир, садҳо оилаҳо аз Осиёи Миёна (тақрибан 651 шаҳрванди Тоҷикистон) ба ин гурӯҳҳо мепайванданд ва бештар онҳое гирифтор мешаванд, ки камсаводанд, шуури сиёсӣ ва тарозуи таҳлил надоранд.
Бахусус, бояд ёдовар шуд, ки амалҳои хиёнаткоронаи Назарзода болақаби Ҳоҷӣ Ҳалим мардуми кишварро сахт андӯҳгин намуд. Ӯ ва ҳаммаслаконаш боистифода аз мансаби худ яроқу аслиҳаҳои ҷангии аз амборҳои қисмҳои ҳарбӣ гирифтааашонро мехостанд бо худ бурда, бо гурӯҳҳои террористӣ бипайванданд ва зидди ҳамватанонашон биҷанганд. Вале Тоҷикистони имрӯза назар ба солҳои аввали давраи истиқлол хеле пеш рафтааст, «Ватан дар сарҳади худ лашкари душманшикан дорад». Ҳазорон ҷавонмардони Вазорати корҳои дохила, кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати мудофиа қаҳрамониҳо нишон дода, дар лаҳзаи кӯтоҳ ин гурӯҳро торумор намуданд.
Инчунин, дар мактабҳои миёна ва макотиби олӣ барои мубориза алайҳи густариши ифротгароӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо гузаронида шуда истодаанд, оид ба рафтору кирдори наврасону ҷавонон бо волидайни онҳо низ сӯҳбатҳои пайваста амалӣ мешаванд, ки ин ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурўҳи тундгарои «Давлати Исломӣ ва ТЭТ ҲНИ» мебошад.
Вақте аз сиёсати ноадолатонаю таҳдиду зӯровариҳои баъзе давлатҳои бузурги ғарбро нисбат ба давлатҳои кӯчак ё номутараққӣ мебинед, фармудаи шоираи тавонои тоҷик Фарзона ёд меояд:
Ало инсон, дари баста ба рўи худ, барои худ,
Ту кай во мешавӣ, кай во, шабат хуш боду рўзат хуш…
Кенҷаев Ю. – устоди ДДҲБСТ