Худшиносӣ дар ташаккулёбии шахс дар замони Истиқлолият

Мақсадиҳама гуна ҷомеаи дунявӣ –демократӣ, ҳуқуқбунёд ба вуҷуд овардани имкониятҳо барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахс мебошад, вале амали гаштани он ба омилҳои субъективӣ ва объективӣ вобаста аст. Мувофиқи омилҳои субъективӣ ҳар ашхос аз имкониятҳои мавҷуда  истифода бурда, фардият – нотакрории худро бояд собит  намояд, кўшиш ба харҷ диҳад, ки дар ососи такмил додани худшиносии хеш дар зиндагӣ ҷой ва мавқеи худро ёфта бошад,  обрў ва эътибори худро пайдо карда нигоҳ дошта тавонад. Соҳиби касбу ҳунар буда ба пешравии ҷомеа саҳм гузорад. Барои дарк намудани моҳияти категорияҳои инсон, шахс, худшиносӣ онҳоро ҳамчун ягонагии падидаҳои биологию ӣҷтимоӣ, психологию  фарҳангӣ таҳқиқ намудан зарур аст. Аз нигоҳи  материализми диалектикӣ инсон зинаи олитарини инкишофи олами зинда дар рӯи замин ,зуҳуроти фаъолияти иҷтимоию таърихӣ ва маданӣ мебошад.

Оиди  муайян намудани мазмуни мантиқии категорияҳои одам, шахс, худшиносӣ ақидаи олимони файласуф ҷомеашинос мухолифи якдигаранд. Баъзе аз онҳо ҷонибдори чунин ақидаанд , ки ҳар як одам нотакрор буда бо истеъдоду қобилиятҳои бешумор ба дуньё меоянд. Аммо  шахс аз маҷмӯи муносибатҳои  иҷтимоӣ ва ахлоқӣ иборат буда бо фаъолияти бошууронаю мақсадноки  худ бо одамони дигар ҳамеша дар муошират қарор дорад. Берун аз ҷомеа ҳеҷ кас шахсият пайдо намекунад ба дараҷаи худогоҳиву худшиносӣ расида наметавонад. Дар ҳастии воқеии  шахс ҳамчун фарди нотакрор аз мавқеи худшиносӣ  муносибат  мекунад, чунки вай бо ҷамъият робита дорад. Зеро мафҳуми худшиносӣ дар шахсе зуҳур меёбад, ки дар вокеъият объективона арзи вуҷуд кардааст, ишора ба ҳолате мекунад, ки барои ин худшиносӣ худшиносии дигаре вуҷуд дорад»

Ташаккулёбии шахс дар зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва психологӣ суръат мегирад бо вуҷуди он шахси ҳаматарафа инкишоф ёфта дорои мустақилият ва озодӣ мебошад. Аммо дараҷаи озодии ҳар ашхос ба тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва худшиносии ӯ вобастагии қавӣ дорад. Шахси худогоҳу худшинос дорои тафаккури инфиродӣ, илмию назариявӣ, дорои ахлоқи ҳамида, вазифаю масъулият буда барои ба даст овардани мақсади наҷиби хеш кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар ҳикмати Конфутсий чунин  омадааст» Шахсе ,ки дар заминаи ахлоқ ҳумронӣ мекунад, ҳамчун Ситораи Қутбист,ки миёни ситорагони дигар ҷои марказро дорост». Ягонагии таҳлили биологӣ, психологӣ ва иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ба дарки яклухти моҳияти шахс  мусоидат менамояд.

Дар замони муосири тараққиёти бемайлони илму техника зарурияти ба эътибор гирифтани омилҳои биологӣ, хислатҳои модарзодӣ, тағйиротҳои морфофизиологии ҷисмонӣэҳсос, идрок, тасаввурот, хотира ба миён меояд зеро , ки амалиёти  оқилони инсон ва муносибатҳои ӯ  бо одамони атроф ба ҳастии биологии шахс низ робита   дорад. Ҳар ашхос дорои хусусиятҳои психологӣхарактер, қобилият, шавқу ҳавас, сифатҳои иродавӣ мебошад. Рафтори шахс раванди тағйирёбии он ба зуҳуротҳои психикие, ки нисбатан устуворанд вобастагӣ дорад.

Сарчашмаи муҳими инкишофи ҳолати равонии шахс ва шавқу ҳаваси ӯ ба фаъолияти меҳнатии ӯ вобастагӣ дорад». «Вақте, ки инсон сухан мекунад амалашро фикр кунад: вақте, ки амал мекунад бояд, суханони гуфтаашро фикр кунад». Аз ҳикмати Конфутсий «Вақте ки инсон муҳити иҷтимоие, ки дар раванди фаъолияти меҳнатӣ падид меоянд ба шахс таъсири мусбӣ дорад, барои дарки аҳамияти истиқлолияти миллӣ, ваҳдат сатҳи баланди худшиносии миллиро  дар навбати худ, худшиносӣ сатҳу дараҷаи  рушди баланди камолоти маънавии шахсро тақазо менамояд. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба пешрафти устувори иқтисодию иҷтимоӣ вобастагии қавӣ дошта, аз ҷавонон, ки фардои миллатанд  дарки амиқи худшиносии миллиро тақазо менамояд. Шахси худшинос мақому манзалати хешро эҳтиром намуда, принсипҳои ахлоқи амалӣ ва назариявии аҷдодиро,  маданияту фарҳанги хешро меомӯзад ба онҳо арҷгузорӣ  намуда, дар рафтору кирдори ҳамарӯза  рӯи кор меорад. Баҳогузории мантиқӣ ба воқеиятҳои ноороми ҷаҳони имрӯза яъне ба олами атроф, баҳогузорӣ ба арзишҳо, такья ба ақли солим барои худшиносӣ замина мегузорад. Ҳар як шахси солимфикр орзу дорад, ки ӯро бишиносад байни мардум обрӯ  ва эътибор дошта бошад.   Худшиносӣ аз ҳамин зинаҳо сарчашма мегирад.

Дар ҷомеа одамоне кам нестанд, ки  чӣ будани мазмуни категорияи худшиносиро  намефаҳманд.  Шахсони  гумроҳшуда, беирода, бе нангу номус, ба тақдири миллату ватан бефарқ бошанд аз худшиносӣ огоҳ нестанд .Онҳо рисолати ба дуньёи равшан омадани худро дарк  накарда донишу малакаи  омӯхтаашро ба манфиати миллату ватан  истифода бурда наметавонанд. Шахси худшинос хоксору  заминӣ, шукургузор,  бо раҳму шавқат буда бо атрофиён бо эҳтиром муносибат   менамояд. Инсон аз ҷисму руҳ иборат буда баробари тан руҳ ба парвариш ниёз дорад. Классикони  адабиёту фалсафаи форсу тоҷик хислати ақлгароӣ дошта ба парвариши руҳ  таваҷҷӯҳи зиёд  доштанд.Шахси худшинос бо сидқ аз паи кори хайр ва ҳақ буда нисбати худ сахтгир ва мусолиҳакор,паҳрезкори  нисбати нафси хеш,бо саховату карам бо дигарон ,бо шавқату эҳсон бо бечорагон ,нотарсӣ ва шуҷоат дар ҳифзи ватан, дӯст доштани халқ ба худшинос мутаалиқ аст. Шахсони худшинос  дар байни мардум ҳамеша маҳбубияти хосаеро доро мебошанд.

Ҳақ ба ҷониби Конфутсий мебошад гуфта аст. “Шахсе, ки дар заминаи ахлоқ ҳукмронӣ мекунад, ҳамчун Ситораи Қутбист, ки миёни ситорагони дигар ҷои марказиро дорост».

 

Юсупов С. – асистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like