Боиси ифтихор ва сарфарозии ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ
Боиси ифтихор ва сарфарозии ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аст, ки донишгоҳ узви ҳақиқии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиёӣ гардид.
Дар рӯзи баргузории конференсияи апрелӣ Дипломи узвият ба ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода тақдим шуд.
Раёсати донишгоҳ аз ин дастоварди назаррас рӯҳбаланд гардида, минбаъд низ ҷиҳати ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани таҳсилот дар донишгоҳ кӯшиш хоҳанд кард.