Рушди нишондиҳандаҳои содиротию воридотии мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 апрели соли 2023 дар Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ аз ҷониби муаллими калони кафедраи хадамоти гумрук Фирдавс Маъруфов дарси намунавӣ  аз фанни ташкили идоракунии иқтисодиёти миллӣ дар мавзӯи «Рушди нишондиҳандаҳои содиротию воридотии мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар  баргузор гардид. Дар машғулият мутахассиси БИМСТ Марофиева С. иштирок намуд. Дар рафти дарс аз ҷониби омӯзгор мақсади асосии машғлият фаҳмонида шуда, иброз шуд, ки  имкониятҳои содиоротии кишвар ва ба ин васила муайян намудани рушди нишондиҳандаҳои содиротию воридотии мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додат шуд.

         Илова шуд, имрӯз молҳои рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симои хоси миллии давлати мустақил соҳиб гардидааст. Акнун он бояд ба тамоми хусусиятҳои мақоми нав мувофиқ шуда, дар доираи чорабиниҳои ташкилию техникии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда, ки самаранокии истеҳсолотро бо устувории занҷири арзиши иловашуда ва баланд бардоштани дараҷаи коркарди маҳсулот аз ашё то ба маҳсулоти тайёр бурда расонидани онро таъмин намояд. 

      Дар интиҳо қайд карда шуд, ҳадаф аз баргузор намудани машғулияти мазкур баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва дар самт омода кардани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад.

You might also like