Элитаи сиёсӣ ва сарварии сиёсӣ

     12 апрели соли 2023 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарси кушоди лексионии дотсенти кафедраи сиёчатшиносӣ, номзади илмҳои таърих Саида Солихоҷаева дар мавзӯи “Элитаи сиёсӣ ва сарварии сиёсӣ” баргузор гардид. 

    Дар ин машғулият мудири Бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти донишгоҳ Адолатҷон Абдуллоева низ иштирок намуд. Омӯзгор барои баргузории машғулияти хеш аз маводи мухталифи таълимӣ ва илмӣ истифода намуд. Маводи зиёде бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои хониши мустақилона ва мустаҳкам намудани мавзуъ ба донишҷӯён тавсия гардид.   

     Зимни баргузории машғулият зикр шуд, ки омӯзиши мавзуъ хеле муҳим аст, зеро дар ҳама сурат нақши элитаи сиёсӣ ва сарварии сиёсӣ дар рушди як ҷомеа муайянкунанда мебошад. Мафҳум, моҳият, хусусиятҳо, вазифаҳо ва ҷанбаҳои дигари элитаи сиёсӣ ва сарварии сиёсӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Назарияҳои мухталиф перомуни мавзуъ таҳлил ва баррасӣ шуданд. Ба масъалаи ташаккул ва инкишофи элитаи сиёсӣ ва паҳлӯҳои гуногуни сарварии сиёсӣ дар шароити Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса карда шуд. Омӯзгор таркиби элитаи сиёсии кишварро ба донишҷӯён фаҳмонид. Дар баррасии мавзуъ ба нақши сарварони сиёсие, ки дар рушду инкишофи миллатҳои мухталиф саҳмгузорӣ намудаанд таваҷҷуҳи хоса дода шуд. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи давлатдории миллӣ ва навини Тоҷикистон бевосита ёдоварӣ карда шуд. Хусусан зикр карда шуд, ки ташаббусҳои байналхалқии Пешвои миллат барои кулли башарият муҳимманд ва боиси боло рафтани симои миллати мо дар сатҳи байналмилал шудаанд. 

      Дар раванди машғулият аз имкониятҳои технологияи муосири таълимӣ васеъ истифода шуд. Чунин машғулиятҳои кушод ҳамарӯза дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор мегардад.

You might also like