Дини Ислом ба ҳизб ниёз надорад
Зиёда аз 90 фоизи мардуми Тоҷикистон мусулмонанд, ниёз ба ҳизби исломӣ нест. Дини ислом на ба ҳизб ва на ба дигар равияҳои тундрав ниёз надорад.
Дар ягон ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ чунин ҳизб, яъне ҳизби Исломӣ фаъолият ва ё арзи вучуд надорад. Худ шоҳиди он ҳастем, ки дар давоми солҳои фаъолияти хеш ҲНИ чи корҳоро ба сомон расонидааст. Ба сари мардум ҷангу ҷидол, бадбахтиҳо, бесарусомониҳо овард. Солҳои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, моро даҳшат фаро мегирад ва беихтиёр шукронаи ин давру замони осоишта мекунем. Чунки бо сарварии Кабирӣ ва дастгирии бевоситаи хаммаслаконаш аз ҳисоби аъзоёни ҲНИ дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқўъ пайвасту ҳазорҳо сокинони бегуноҳ кушта шуда, бехонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд. Дар навбати худ Кабирӣ ва дигар хаммаслаконаш дар хориҷи кишвар дар паноҳи хоҷагони хоричии худ “панаҳ” ёфтанд.
Намояндагони ин ҳизби иғвогар, аз он ҷумла Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор дошта, боз ягон накшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Муҳиддин Кабирӣ ва хаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ҳанафӣ, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандўстӣ, дўстиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корҳояшон мухолифи фармудаҳои китоби муқаддаси мусалмонон «Қуръон» буд.
Мардумро бо роҳи фиреб аъзоҳояшон рафта, бо ҳар роҳу восита ба ҲНИТ аъзо мекарданд. Намоз хондан нахондан муҳим набуд, муҳим он буд, ки аъзои ҳизб бошӣ шуд. Аз ин маълум мегардад, ки мақсад ин мукобили Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан, байни мардум иғво андохта бо ин роҳ ноил шудан ба мақсадҳои ғаразнок. Дини Ислом, дини пок аст дуруғу фиреб ва иғвогарию фаҳшро намеписандад.
Бояд зикр намоем, ки мардуми тоҷик чунин сўистифода аз бовариҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоҳанд ба хотири кадом як ашхоси мансабталабу чоҳхох тақдири дину миллати худро ба гарав гузоранд.
Бояд қайд кард, ки баста шудани бинои Раёсати олии ҲНИ дар шаҳри Душанбе ва барҳам додани ин ҳизб дар каламрави кишвар қобили мақсад буд. Мо бояд шукронаи Истиқлолияти кишвар кунем ва барои гул-гул шукуфии он кўшиш намоем, на аз қафои кадом як хоҷагони хориҷӣ шавему мансабталошӣ кунем.
Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст, инро Конститутсияи кишвар кафолат додааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо чи коре хохем, хамонро кунем ва исломро ниқоб карда, теша бар решаи давлат занем. Мо, тоҷикон, аз ноогоҳии худ солҳои навадум сарро ба санг зада гирифтем, ки то ҳол аз ҷароҳати он хун меравад. Дигар ба ваъдаҳои ҳангомадори исломиён бовар намекунем. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоем ва дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояҳои бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесуббот намудани кишвар роҳ намедиҳем.
Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва мансабталошӣ буд ва мебошад.
Атоева М.М.-номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ