Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пряхҳо

7 апрели соли 2023 дар маҷлисгоҳи бинои №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва кафедраи маркетинг-агробизнес доир гардид.
Конференсияро декани факултети бизнес ва идоракунӣ Ҷамшед Тӯразода ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод кардааст. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон давлати пешоҳанг ва ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим эътироф гардида, ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа дар рӯзномаи обии СММ «Раванди оби Душанбе» ном гирифтааст.
Дар идомаи конференсия мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати МТД Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муродҷон Собиров дар мавзӯи “Пиряхҳо-манбаи боэътимоди обҳои ошомиданӣ” ва мудири кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ Фурқатҷон Шамсиев дар мавзӯи “Ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва наҷоти башарият”маърӯза намуданд.
Иброз гардид, ки масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд. Инак, пешниҳоди мазкур ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои дар амал татбиқ намудани он дар СММ Қатъномаи махсус қабул гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки мувофиқи қатъномаҳои аз тарафи СММ қабулгардида, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ниҳоят солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд.
Илова шуд, ки дар тӯли зиёда аз ду даҳсола Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об дар ҷаҳон ҳамчун давлати пешоҳанг ва ташаббускор пазируфта шуда, ҳоло ин иқдомро давом дода истодааст. Дар ин муддат дар ҳошияи ташаббусҳои номбурда дар давлатҳои гуногуни дунё, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, платформаҳое ташкил карда шуданд, ки дар он масъалаҳои марбут ба об баррасӣ карда шуда, бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ то як андоза ҳалли худро ёфтанд.

 

 

You might also like