Хатмкунандагони донишгоҳ соҳиби ҷои корӣ мешаванд

4 апрели соли 2023 дар факултети баҳисобгирӣ ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрии намояндагони ҶДММ “Фаровон” дар ш. Хуҷанд бо донишҷўёни курси 4-уми шўъбаи рўзона, ихтисоси бахисобгирии бухгалтерӣ, тахлил ва аудит, доир ба масъалаи таъмин намудани донишҷўён бо ҷои корӣ дар ҶДММ “Фаровон” дар ш.Хуҷанд баъди хатми донишгоҳ ва гирифтани дипломи хатми бакалавриат баргузор шуд.
Дар вохўрӣ мудири кафедраи бахисобгирии бухгалтерӣ д.и.и., профессор Дадоматов Д.Н., намояндаи ҶДММ «Фаровон» Солиев Умедҷон ва донишҷўёни курси 4-уми шўъбаи рўзона иштирок намуданд. Намояндаи ҶДММ «Фаровон» Солиев Умедҷон баромад намуда, доир ба шароиту имкониятҳои корӣ дар ҶДММ «Фаровон» маълумот дод. Инчунин профессор Дадоматов Д.Н. дар рафти суханронӣ оид ба масъалаи ба кор таъминн намудани хатмкунандагон ва шартномаи ДДҲБСТ бо корхонаву муассисаҳо ибрози андеша кард.
Донишҷӯён низ аз намояндаи ширкати мазкур перомуни талабот ба ҷои кор, музди меҳнат ва дигар шароиту имкониятҳо саволҳо пешниҳод карда, соҳиби маълумоти зарурӣ гардиданд.

You might also like