Иштирокчиён соҳиби Шаҳодатнома гардиданд

Дар Парки технологии ДДҲБСТ маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба иштирокчиёни барномаи инкубационии «Tajik startup» дар доираи барномаи TRIGGER (Лоиҳаи фарогири рушди деҳот), ки аз ҷониби GIZ Тоҷикистон амалӣ мегардад, баргузор гардид. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар ифтитоҳи чорабинии мазкур намояндагони бахшҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва шуъбаи байналмилалии ДДҲБСТ, аз ҷумла ҷаноби Мартин Лангер – иҷрокунандаи вазифаи сафири Олмон дар Тоҷикистон, Азиз Назаров – роҳбари намояндагии GIZ дар Хуҷанд, Блиничкина Н.Ю. – мудири шуъбаи байналхалқии донишгоҳ ширкат варзиданд.
Вохӯрӣ бо мақсади маълумот оид ба натиҷаҳои бадастомада, баррасии рушди ҳамкориҳои созмонҳои байналхалқӣ бо донишгоҳ ва муаррифии лоиҳаҳои иштирокчиёни барнома баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҳайат инчунин бо имкониятҳои донишгоҳ ва бинои Маркази таҳсилоти рақамӣ дидан намуда, бо дастаи Парки технологӣ сӯҳбат оростанд. Аз ҷумла, масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои стартап ва омодасозии ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ шуданд.
Ҷаноби Мартин Лангер фароҳам овардани имконотро барои рушди ҷавонон дар самти соҳибкорӣ ва диди соҳибкорӣ аҳамияти муҳим арзёбӣ кард, зеро онҳо на танҳо ба рушди иқтисоди кишвар, балки ба афзоиши сафи ҷавонони шуғлнок мусоидат мекунанд.
Иштирокчиёни барнома бизнес лоиҳаҳои худро ба меҳмонон муаррифӣ намуданд ва меҳмонон оид ба фаъолияти парки технологӣ дар самти дастгирии ҷавонон дар самти дастгирии соҳибкории ҷавонон баҳои мусбӣ дода, ба иштирокчиён барои таҳияи лоиҳаҳои худ маслиҳатҳои арзишманд доданд.
Парки технологии донишгоҳ ҳамеша саъй мекунад, ки ба ҷавонон имкони рушди худшиносиро фароҳам оварад ва ба донишҷӯен дар кашфи истеъдоди онҳо, кашфи уфуқҳои нав барои худ кумак расонад.

You might also like