Муосиртарин таҳсилот дар ДДҲБСТ

22 марти соли 2023 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ҷиҳати шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои таҳсил ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф овард. Муовини вазирро ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода бо дастагули тару тоза истиқбол намуда, бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош намуд.
Лутфия Абдухолиқзода ҳамроҳи роҳбарияти донишгоҳ нахуст аз Маҷмааи замонавии варзишии донишгоҳ дидан карданд. Зимни боздид ҳамчунин муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ, ки моҳи ноябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, боздид намуд.
Дар бинои мазкур шароити мусоид барои баргузории машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, барои донишҷӯёни риштаи молияву бонкдорӣ дарсҳои таҷрибаомўзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ усулҳои муосири омӯзиши забонҳои англисӣ, хитоӣ, немисӣ ва арабӣ, барои гузаронидани корҳои амалӣ бо истифода аз воситаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа лабораторияи криминалистӣ, сабти барномаҳои донишгоҳӣ фароҳам оварда шудааст.
Зимни боздид аз Маркази таҳқиқоти таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, ки дорои тамоми шароиту имкониятҳо мебошад, муовини вазир баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодабарии самараноки Марказ ба масъулин дастур дод.
Пас аз шиносоӣ аз ҳама марказу лабаратория ва озмоишгоҳҳои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ Абдухолиқзода Л. ба имконияту шароити муосири фароҳамгардида баҳои баланд дод.
Зимни суҳбат бо роҳбарияти донишгоҳ муовини вазири маориф ва илми ҶТ Абдухолиқзода Л. барои дар сатҳи баланд гузаронидани марҳилаи тарғибот ва ҷалби довталабон ба донишгоҳ маслиҳатҳои муфид пешниҳод кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like