Ғолибияти донишҷӯёну устодони ДДҲБСТ дар мусобиқаҳои варзишии наврӯзӣ

Омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Маҳмадназар Пирназаров дар мусобиқаи вазнбардорӣ байни кормандону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят сазовори ҷойи аввал шуд.
Дар намуди гӯштини камарбанди донишҷӯи ДДҲБСТ Охунҷон Қосимов бо шикаст додани ҳарифони хеш мақоми аввалро соҳиб гардид.
Мусобиқаҳои мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим бо ибтикори Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд баргузор гардид.
Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

You might also like