Табрикоти ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати ҷашни Наврўзи байналмилалӣ

Устодони муҳтарам, донишҷўёни азиз!

Бо арзи эҳтирому  самимият  Шуморо бо ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдориамон ҳамчун таҷассумгари тафаккури миллӣ ва  сиришти маънавӣ ҷойгоҳи хос гирифтааст, табрику муборакбод менамоям. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва заҳматҳои Асосгузори   сулҳу   ваҳдати   миллӣ –   Пешвои   миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи шинохти суннату оинҳои Наврӯз эҳё гардида, ҷашни бузурги миллиамонро ҷаҳониён  пазируфтанд, ки  он эътирофи ҷаҳонии дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик мебошад. 

Наврӯзи фархундапаю бостонӣ падидаи ҳувиятсоз, хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва  навиди бахту саодат ба фардои дурахшон  мебошад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии  ин  ҷашни муқаддас аз саодату пирӯзии аҳли башар, ғояи олии он аз ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта ва накӯкориву созандагӣ иборат аст. Наврӯзи хуҷастапай ибтидояш решапайванди ҳазорсолаҳост ва  шукўҳу шаҳоматаш заррае коста нагардида, то ба рўзҳои мо пойдору устувор  омада расидааст. 

Ба ин маънӣ Сарвари давлат Наврӯзи ҷаҳониро падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ номида, таъкид доштаанд, ки ин ҷашни бостонӣ дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст. Ҳикмати Наврўз беҳтарин суннатҳои волои аҷдодиро тарғиб намуда,  оғози рўзи наву соли нав, рамзи пирўзию рўшноӣ, густариши дўстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва орзую омоли неки мардум дар сиришти ин ҷашни бостонӣ нуҳуфтааст.

Иди фархундаю бостонии қавмҳои ориёӣ – Наврўзи байналмилалӣ дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон имсол низ чун анъанаи неки ниёгони фарзонаамон бо  шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагӣ,  саодату комронӣ, дӯстиву ҳамкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ, шукӯҳу корномаҳои созанда ба хотири боз ҳам  нерӯманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон,  таҷлил мегардад. 

Аҳли донишгоҳ низ ин ҷашни бостонии ниёгонамонро бо ифтихор аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишварамон ва музаффариятҳои хотирмони  маъвои саодати маънавиямон  истиқбол мегиранд. Падидаи неку хотирмон аз Наврўзи гузашта то Наврўзи имсола бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шудани бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ, ҷорӣ кардани ихтисосҳои наву замонавӣ,  ба роҳ мондани  низоми босифати идоракунии рақамии раванди таълим бо барномаи махсус, дифои 19 рисолаҳои номзадӣ ва  3 докторӣ аз ҷониби омӯзгорону кормандон, бо унвонщои фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз   гардидани  10 нафар устодон, дар озмуну олимпиадаҳо ва  мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намудани  донишҷӯёнамон, афзудани теъдоди гирандагони Стипендияҳои номӣ, рушд бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ, вусъат ёфтани раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад, ки боиси ифтихору сарфарозист. 

Итминон дорем, ки ҷомеаи меҳнатӣ, кулли устодону донишҷўёни донишгоҳ ҷашни хуррамбаҳори Наврўзӣ, иди аҷдодии худро сазовор ва хотирнишин истиқбол гирифта, барои муваффақияту комёбиҳои минбаъда саъю талош меварзанд.

Дар ин айёми фараҳафзои Наврўзи хуҷастапай Шумо ва наздикону пайвандонатонро ба ифтихори таҷлили   ҷашни   мазкур муборакбод намуда,  ба ҳамагон азамату шаҳомати наврӯзӣ, бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ, зебоиву шукуфоии абадӣ ва дар фаъолияти минбаъда  муваффақияту комёбиҳои беназир таманно дорам.

Наврӯзи байналмилалӣ муборак!

You might also like