Пирӯзӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Донишҷӯи соли аввали факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Эҳсон Искандарзода дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи намуди “Гӯштини миллӣ”баргузор шуд, сазовори ҷойи аввал гардид. Донишҷӯи ДДҲБСТ дар ин мусобиқа бо шикаст додани ҳарифони худ ба гирифтани мақоми аввал шарафёб шуд.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз байни донишҷӯён дар вазни 75-80 кг доир гардид.

Барои пирӯзӣ дар мусобиқа донишҷӯи донишгоҳи мо-Эҳсон Искандарзода бо Диплом ва “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” қадршиносӣ гардид.

You might also like