ДДҲБСТ ҳамкориҳояшро бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон густариш медиҳад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ»  баргузор гардид.

Дар кори форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат иштирок намуданд. Дар Форуми мазкур ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода низ иштирок намуда, дар мавзӯи “Рушди ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” баромад кард. Ҳамзамон дар доираи Форум бо ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ҳамин тавр байни ДДҲБСТ ва Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Тошканд, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии Тирмиз шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Роҳбарони донишгоҳҳо зимни шартномабандӣ   умед карданд, ки минбаъд табодули таҷриба байни омӯзгорону муҳассилин, баргузории чорабиниҳои илмиву таҳқиқотӣ, конференсияву ҳамоишҳо роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бори нахуст факултети муштарак таъсис дода шуд, ки имрӯз донишҷӯён аз ду мамлакати дӯст дар шароиту имкониятҳои муосири таҳсил, таълим гирифта истодаанд.

You might also like