Саҳми Пешвои миллат дар тақвияти мақоми забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ

11 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар тақвияти мақоми забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва 70-солагии корманди шоистаи Тоҷикистон Туғрал Шокириён баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва олимону донишмандон, забоншиносон иштирок ва баромад намуданд.
Конференсияро муовини ректор оид ба таълим Ҳаким Ғаюров ифтитоҳ намуда, меҳмононро шодбош гуфт. Иброз гардид, ки саҳми доктори илмҳои филологӣ, профессор Туғрал Шокириён дар рушду нумӯи илми забоншиносии тоҷик назаррас мебошад. “Шумо – соҳибҷашни гиромӣ аз зумраи шахсиятҳои наҷиб ҳастед, ки дар роҳи тарбияи аҳли ҷомеа дар рўҳияи эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангии ниёгон, дарки амиқи арзишҳои умумибашарӣ, бофарҳангу ватанпараст, худогоҳу инсондўст, чаҳоншиносу дӯстпарвар, маърифатноку хушахлоқ гардидани ҷомеа саҳми муносиб гузошта меоед. Мо – ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ басо ифтихормандем, ки Шумо дар соҳаҳои илму фарҳанг, таърих, ҳифзи ҳуқуқ хидмат намуда, дар давоми фаъолияти худ 16 рисола, 16 дастури таълим, 4 луғат, бештар аз 1000 асару мақола ва тақриз ба табъ расонида, асосгузори юрислинвистикаи тоҷик мебошед.Асарҳоятон оид ба масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, юрислингвистика ва лингвоюристика дар Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, ШМА, Германия, Эрон ва Афғонистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, форсӣ, дарӣ чоп шудаанд”, илова кард Ғаюров Ҳ.
Дар идома, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ-арзишҳои муҳимми истиқлоли давлатӣ”, профессори кафедраи забони тоҷикии МТД Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Абдуҷамол Ҳасанзода, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ, дотсент Юсуф Кенҷакев дар мавзӯи “Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад…”, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидов, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ дар мавзӯи “Вижагиҳои лағавии нутқи тоҷикони ҳафзаи Самарқанд”, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Фарғона Эҳтиётхон Иброҳимова зери унвони “Баҳо-ҷараёни субъективӣ” ва дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ Мамлакат Атоева бо номи “Сухане чанд оид ба баъзе навгониҳои забоншиносии муосир” баромад карданд.
Зимни баромади маърӯзачиён қайд карда шуд, ки одатан ба шахсоне, ки таҳтидилона баҳри хизмат ба халқ ҷидду ҷаҳд менамоянд, барои нафъ расонидан ба атрофиён роҳу имконият меҷўянд, баҳои баланд медиҳанд. Устоди гиромӣ Туғрал Сироҷович Шокиров аз қабили ҳамин гуна инсонҳои барўманд маҳсуб меёбанд.Олими сермаҳсул, мураббии ғамхору ҳалим, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Русия, доктори илмҳои филология, профессор Шокиров Туғрал Сироҷович имрўз ба таври ҳамешагӣ дар ҷодаи илм ва омода намудани шогирдони зиёд қадамҳои устувор мегузоранд.
Ҳамзамон, дар идомаи кори конференсия ҳамсабақону, ҳампешагон ва шогирдону пайвандони ин олими забоншинос баромад карда, перомуни кору фаъолияти мондагори Туғрал Сироҷович ибрози андеша карданд.

You might also like