Ғолибият дар озмуни байналмилалии “Беҳтарин мақолаи илмӣ-2023”

     5 марти соли 2023 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил озмуни байналмилалии “Беҳтарин мақолаи илмӣ-2023” баргузор гардид. Дар озмуни байналмилалӣ директори Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмудов иштирок намуда, сазовори мақоми ифтихорӣ гардид. Дар озмуни байналмилалии “Беҳтарин мақолаи илмӣ-2023” Маҳмудов А. мақолаашро зери роҳбарии ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Муъмин Шарифзода пешниҳод карда, соҳиби медалу Диплом ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот шуд. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷиҳати дастовард дар ин озмуни байналмилалӣ Абдураҳмон Маҳмудовро табрик карда, барои фаъолияти илмии минбаъда барору комёбиҳо орзу менамояд.

 

 

 

You might also like