Дар тозаю обод нигоҳ доштани шаҳрамон саҳми худро мегузорем!

4-уми марти соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои МИҲД-и вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ, ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи донишгоҳ ва қитъаҳои вобасташуда шанбегӣ гузаронида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маъракаи ободонӣ, омӯзгорони факултетҳо, кормандони ёрирасони донишгоҳ иштирок намуда, ҷуйбори обравро тоза, бехи дарахтонро нарм ва роҳравҳоро рубучин намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки то ҷашни 30 – солагии донишгоҳ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ нақшаи гузаронидани шанбегиҳо ба тасвиб расидааст ва минбаъд низ корҳо дар ин самт бомаром идома меёбад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like