ЧОРАБИНИИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ТАҲТИ ШИОРИ “СЕРДЦЕ МАТЕРИ – НЕИССЯКАЕМЫЙ ИСТОЧНИК ЧУДЕС”

Санаи 03 марти соли 2023 дар назди кафедраи забони русӣ бо роҳбарии мудири кафедра, н.и.п. Негматова М. М. чорабинии кушоди тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва соли 2023 – Соли забони русӣ таҳти шиори “СЕРДЦЕ МАТЕРИ – НЕИССЯКАЕМЫЙ ИСТОЧНИК ЧУДЕС” бо донишчуени курси якуми ДДХБСТ барпо гардид.
Дар чорабинии мазкур декани факултети молия д.и.и., дотсент Хоҷаева Д. А., мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия Бобоева П., мудири кафедраи забони русӣ, н.и.п. Негматова М. М., устодони кафедраи забони руси Юсупова З. М., Атоева М. М., Юсупова М. И., эдвайзери факултети молия н.и.и., дотсент Каримова М., мудири лабораторияи компутери Самадова И. ва як катор мехмонон иштирок намуданд.
Аз тарафи донишҷӯён шеърҳо сурудҳо, гуфторҳо дар васфи модар ва омӯзиши забони русӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуданд. Маърузчиёндар бораи таърихи пайдоиши Рузи Модар маълумот додан. Ҳамзамон бо омузгорону донишҷӯён бозиҳо гузаронида шуда, видеоролик намоиш дода шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, хештаншиносӣ, эҳтиром ва муҳаббат нисбати модар ва волидайн, майлу рагбат нисбати омузиши забони русӣ ва дигар забонхои хориҷӣ равона карда шуда буд.

You might also like