Донишҷӯёни риштаи ҳуқуқшиносӣ аз фаъолияти РАНДММК ҶТ дар вилояти Суғд шинос шуданд

01 марти соли 2023 гурӯҳе аз донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси “фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ” шӯъбаи рӯзона, гурӯҳи таҳсилаш бо забони тоҷикии факултети ҳуқуқшиносӣ бо роҳбари таҷрибаомӯзии таълимӣ ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия Амирхон Қодирӣ аз рафти фаъолияти раёсати Агентӣ назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шиносоӣ пайдо намуданд. Дар маҷлисгоҳи раёсати Агентӣ масъулини мақомоти мазкур бо донишҷӯён мулоқот карда, доир ба самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ маълумот доданд.
Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки пайваста омӯзанд, тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқиро азбар намоянд то ҳуқуқшиноси варзида шуда, дар ин ё он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият баранд. Донишҷӯён низ вобаста ба самтҳои фаъолияти раёсати Агентӣ саволҳо дода, посух гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола донишҷӯёни риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ дар заминаи ҳамкории ДДҲБСТ бо раёсати Агентӣ, дар ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷрибаомӯзӣ менамоянд. Аксар кормандони ниҳоди мазкур низ хатмкунандагони донишгоҳи мо мебошанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like