Донишҷӯи ДДҲБСТ ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид

Донишҷӯи соли аввали факултети молияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Довуд Махкамов дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди бокс сазовори ҷойи аввал гардид. Донишҷӯи донишгоҳи мо бо шикаст додани ҳарифони худ мақоми аввалро гирифта, соҳиби медал ва дипломи мусобиқа шуд. Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе давоми чанд рӯз мешавад, ки байни мардону занон дар вазнҳои алоҳида доир шуда истодааст. Донишҷӯи ДДҲБСТ Довуд Махкамов дар вазни 71 кг ғолиби мусобиқа шуда, роҳхати чемпионати ҷаҳон оид ба боксро соҳиб гардид. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Довуд Махкамовро барои пирӯзӣ шодбош намуда, ҷиҳати ғолиият дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барору комёбӣ орзу менамояд.

You might also like