Дар ДДҲБСТ Рӯзи “Дарҳои кушод” ва олимпиада байни хатмкунандагон доир гардид

25 феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рӯзи “Дарҳои кушод” ва даври ниҳоии олимпиада байни хатмкунандагон бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз субҳи барвақт хатмкунандагон ҳамроҳи устодони худ аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят наздик 2000 нафар бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо ва факултетҳои донишгоҳ дар рӯзи “Дарҳои кушод” иштироки фаъолона намуданд. Роҳбарияти донишгоҳ дар назди хатмкунандагон баромад карда, онҳоро бо барномаи чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» ва олимпиада байни хатмкунандагон шинос кард.
Сипас, хатмкунандагон аз дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва дарсҳои намунавии устодон дидан карда, бо шароиту имкониятҳои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ, ки 15 ноябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд ва дорои кабинетҳои алоҳидаи Маркази таҳқиқоти таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, маркази таълимии хизматрасонии бонкӣ, синфхонаи “Иқтисодиёт дар замони Истиқлол”, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, озмоишгоҳи криминалистӣ, маркази шуғли фосилавии парки технологӣ, толори лексионии иноватсионӣ ва студияи сабти барномаҳои телевизионӣ ҷойгир шудааст, дидан карда, ба худ маълумотҳои зарурӣ гирифтанд.
Дар чорабиниҳои рӯзи “Дарҳои кушод” аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат варзиданд. Бахусус, хатмкунандагони ноҳияҳои дурдасти вилоят ва шаҳри Душанбеву наҳияҳои вилояти Хатлон тариқи онлайн дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.
Дар доираи рӯзи “Дарҳои кушод” инчунин байни хатмкунандагон олимпиада доир шуд. Тибқи барномаи олимпиада аз рӯи намунаҳои саволномаҳои санҷишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагон дониши худро санҷиданд. Нимаи дуюми рӯз дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ бо хатмкунандагон мулоқот доир шуд ва ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон муайян гардиданд.
Дар натиҷа хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и шаҳри Исфара Малоҳат Ғаффорова сазовори ҷойи аввал ва компютери фардӣ ва дипломи дараҷаи як, ҷойи дуюм насиби хонандаи МТМУ-25-и шаҳри Хуҷанд Муздалифа Исломова дониста шуда бо мукофти ноутбук ва Дипломи дараҷаи ду, ҷойи сеюм насиби хонандаи Гимназияи Сафинаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуҳафиз Абдуманнонов гардида, номбурда низ бо ноутбук ва Дипломи дараҷаи се сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон хатмкунандагоне, си соҳиби холҳои баланд гардиданд бо туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд. Омӯзгорон ва волидайни хатмкунандагон низ бо туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.
Беш аз 350 нафар хатмкунандагони ноҳияҳои дурдаст, ки тариқи онлайн дар олимпиада ширкат варзида, соҳиби холҳои зиёд шуданд бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Инчунин, ғолибони олимпиада бо туҳфаҳои хотиравии шарикони ҳамкори ДДҲБСТ аз қабили КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Филиали №23-и БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо”, ҶСК ТАҚХ “Тавҳидбонк”, ширкати МегаФон Тоҷикистон ва Парки технологии ДДҲБСТ қадршиносӣ шуданд.
Чорабиниҳои Рӯзи “Дарҳои кушод” ва олимпиада байни хатмкунандагон дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуда, хубу хотирмон хотима ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like