Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”

24 феврали соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” баргузор гардид. Дар даври донишгоҳӣ донишҷӯёне, ки дар даври факултетӣ ғолиб омада буданд, байни ҳам рақобат намуданд. Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур байни донишҷӯён дар шаш факултети донишгоҳ бо фарогирии беш аз ҳазор нафар донишҷӯён ва ҳаштод нафар омӯзгорони донишгоҳ доир шуда буд. Дар даври донишгоҳӣ беш аз шашсад нафар донишҷӯ ва бист нафар омӯзгорони донишгоҳ, ки дар даври аввал ғолибият ба даст оварданд, ширкат варзиданд. Бо фармоиши ректори донишгоҳ ҳайъати ҳакамон иборат аз устодони варзида ва соҳибтахассуси риштаи таърих интихоб гардида, ба донишу маҳорат ва малакаи иштирокчиён баҳогузорӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

You might also like