Худшиносии миллӣ – омили таконбахши ватадӯстии ҷавонон

22 феврали соли 2023 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии ДДҲБСТ ва 85 солагии устоди зиндаёд «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон» н.и.ҳ., дотсент Ҳасанов С.Ҳ. дар мавзӯи “Ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон” маҳфили навбатии илмии “Давлатшинос”, ки роҳбарияшро омӯзгори ҷавон Ислом Холиқов бар ӯҳда доранд, баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур, муовини ректор оид ба корхои иқтисодӣ ва молиявӣ Шуҳрат Кенҷаев, декани факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсент Шероз Тоҷибоев, сардори раёсати корхои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ Зарина Самадова, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ Очилова Ф.А. ва якқатор донишҷӯёни фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҳфили мазкур мунтазам бо ҷалби донишҷӯён дар мавзӯҳои гуногун доир карда мешавад

 

 

You might also like