ТАБРИКОТИ ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба ифтихори 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодони гиромӣ, донишҷўёни азиз!

Мо дар арафаи таҷлили Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. 23 феврали соли 2023 ба таъсисёбии ин сохтори муҳими кишвари азизамон 30 сол сипарӣ мегардад. Ба ифтихори ин санаи муҳиму муқаддас Шумо – устодони арҷманд ва донишҷӯёни гиромӣ ва дар симои Шумо сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан ва мардуми сарбаланди кишварро табрику муборакбод менамоям.

Маврид ба ёдоварист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон бо роҳнамоӣ ва матонату мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ҳамчун сохтори боэътимод, кафили амнияту оромии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Имрӯз ин ниҳоди тавонои кишвар ба як сохтори боэътимод табдил ёфта,  дар ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амният, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳамагуна таҳдиду хатарҳо, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муассир дорад. Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат ба нақши сазовори аскарону афсарони далери Ватан дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин таъкид намудаанд: «Аз ибтидои таъсиси худ то имрўз Артиши миллии мо дар амри барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошу муборизаҳои шоёни тақдир ва таҳсинро анҷом дод».

Бо назардошти чунин рисолат Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, омода кардани кадрҳои  соҳибкасбу содиқ ба халқу ватан, таъмин бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ, баргузории ҷамъомаду машқҳои низомӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон тадбирҳои амалӣ меандешад. Ҳамаи мо огоҳем, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомии кишварамон тамоми шароитҳо барои буду бош ва ба машқу тамрин машғул шудани сарбозону афсарон муҳайё мебошад. 

Боиси сарфарозист, ки кулли афсарону сарбозони далеру ҷасури мо тӯли 30 соли сипаришуда ҳифзи Истиқлолу якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, ҳимояи марзу буми Ватан, дастовардҳои бузургу таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таъмин намуда, рисолати касбиву қарзи ватандӯстонаи худро бошарафона иҷро намуда истодаанд.

Ифтихормандем, ки ҳамасола аз ҳисоби хатмкунандагони донишгоҳи мо ҷавонони бо нангу номус барои адои вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ ба ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизамон сафарбар мегарданд. Аз он ҷумла, дар соли хониши 2021-2022 189 нафар баъд аз хатми донишгоҳ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардиданд. 

Ҳамзамон маврид ба зикр аст, ки дар донишгоҳамон кормандону устодон аз ҷумла, Туғрал Шокиров, Ҷумабой Ёқубов, Комилҷон Пӯлотов, Анварбек Бобоев, Мирзоҷон Юсупов, Шӯҳрат Саидзода, Муҳаммадҷон Ҳусайнов, Ҳомидҷон Солиев, Муминҷон Хонкилдиев ва нафарони дигар дар сафи қувваҳои Мусаллаҳи мусаллаҳ хизмати ҳарбиро адо намудаанд.

Дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан,  ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани насли ҷавон вазифаи ҷонии ҳар яки мост. Аз ин рӯ мо вазифадорем, ки ба ҷавонон вазифаву рисолати онҳоро дар роҳи ҳифзи Модар-Ватан омӯзонида, мунтазам корҳои тарбиявиро дар ин самт ба роҳ монем. 

Дар навбати худ, донишҷӯён хусусан ҷавонписаронро зарур аст, ки бо талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба пуррагӣ шинос гардида, талаботҳои онро бечуну чаро иҷро намоянд.

Имрӯзҳо мо огоҳем, ки ҷаҳони муосир, пур аз зуҳуроти номатлуб ва дигар омилҳои манфӣ мебошад,  аз ин лиҳоз дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани ҷавонон ва  баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии онҳо шарт ва зарур аст. Танҳо бо садоқат ба Ватан ҳар як шахс метавонад дар  ҳифзи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат бандад.

Аз ин рӯ, насли ҷавони моро мебояд, ки ҷиҳати ҳимоя ва нигоҳдошти сарзамини аҷдодиамон ҳамеша омода бошанд.Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори орому осуда ва дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақиятҳои беназир таманно дорам.

 

You might also like