Артиши миллӣ кафили суботи ҷомеа

Имрӯз дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 30–юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони“Артиши миллӣ кафили суботи ҷомеа!” маҳфили илмӣ–тарбиявӣ баргузор гардид. Дар маҳфил сардори раёсати корҳои илмӣ–дадқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ, дотсент Заррина Самадова, донишҷӯи зинаи магистри ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, лейтинанти адлия, мутахассиси раёсати хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Хоҷаев Далерхон, хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносӣ, лейтенанти хурд, мутахассиси корхонаи фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд Раҳматов Муллосафар, роҳбари “Муҳофизони Ватан”–и вилояти Суғд Рустамов Дилшод, хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносӣ, сарбози Қисми ҳарбии 3501–и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хуҷанд Ғафуров Муллобарака ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ директори китобхонаи илмӣ Гулнора Ҳайдарова ҳозиринро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Сипас донишҷӯи бахши 2-юми факултети баҳисобгирӣ ва андоз Зафар Ҳасанзода дар мавзӯи “Қувваҳои мусаллаҳ – ифтихори миллат” баромад намуд. Инчунин, донишҷӯи зинаи магистри ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, лейтенанти адлия, мутахассиси Раёсати хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Хоҷаев Далерхон қайд кард, ки ҳифзи Тоҷикистони азизамон яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштаанд.
Дар идома хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносӣ, лейтенанти хурд, мутахассиси корхонаи фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд Раҳматов Муллосафар гуфт, ки нишонаи ҷавонмардию ҳимоятгарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро калонсолон аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯзем.
Баъдан хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносӣ, сарбози қисми ҳарбии 3501–и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хуҷанд Ғафуров Муллобарака иброз дошт, ки дар қисми ҳарбии мазкур барои сарбозону афсарон тамоми шароит муҳайё гардида, ҳангоми пеш бурдани хизмат ба сарбозон касбу ҳунарҳои гуногун омӯзонида мешаванд.
Баъд аз баромадҳо тибқи барнома қувваозмоии донишҷӯён ба намуди варзиши дастхобонӣ баргузор гардид. Натиҷаи мусобиқаро довар, ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Пирназаров Маҳмудназар ҷамъбаст намуда ғолибонро муайян намуд. Ғолибоне, ки ҷойҳои намоёнро сазовор шуданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

You might also like