Хизмат барои Модар- Ватан дарси мардонагист

Бахшида  ба ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар  факултети бизнес ва идоракунӣ бо иқдоми аъзои кафедраи маркетинг-агробизнес чорабинии назариявию амалӣ бо иштироки намояндагони КҲФ ва МГ дар мавзӯъи  «Фаъолияти Мудофиаи граждании намунавӣ дар Тоҷикистон» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур декани факултет дотсент Ҷамшед Туразода  муовини декан оид ба тарбия  дотсент Исоқов М.Т, мудири кафедра дотсент Хӯҷаназарова М.И, омӯзгорони кафедра  донишҷӯёни факултет ва масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Ҳамдамов Диловар-подполковники, сардори бахши кор бо ҷомеаи КҲФМГ дар вилояти Суғд, Ёқубов Ҷаҳонгир-лейтенантии Афсари таълимӣ-методӣ КҲФМГ дар вилояти Суғд, Мастонзода Исроил-майёри Қисми ҳарбии -3501, Қурбонов Аҳлиддин-сарбози ҳарбии -3501 ширкат намуданд.

Дар рафти чорабинии мазкур декани факултет ва меҳмонон оиди чорабинии сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва ёрии башардӯстона ба давлати Туркия суханронӣ намудаанд. Дар охир донишҷӯёни ихтисоси маркетинг Раҳмонова Севара., Ойев Абдураҳмон, Нурматова Мухлиса бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва бо забони ӯзбекӣ  шеърҳо оиди Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ баён намуданд.

 

You might also like