Омўзиши асарҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўи ояндаи дурахшон

18 феврали соли ҷорӣ дар Маркази таҳқиқоти таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат мизи мудаввар бахшида ба омўзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Омўзиши асарҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўи ояндаи дурахшон» бо иштироки донишҷўёни курси 2-юми ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ) ва курси 3-юми ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ) ташкил ва баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, Мунира Акмолова баромад намуда, иштирокчиёнро бо имкониятҳои Маркази таҳқиқотии таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат шинос намуд. Мавсуф қайд, ки дар марказ ҳамаи асарҳои арзишманди Пешвои миллат ҷамъ оварда шудаанд, ки ин имконият медиҳад, то ки донишҷўён, унвонҷўён ва муҳаққиқон бо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат машғул шаванд.
Сипас, аз ҷониби донишҷўён Шаҳнура Раҳматова ба забони тоҷикӣ, Муқаддим Ҳафиззода ба забони англисӣ, Дилноза Таниқулова ба забони русӣ ва Хуршед Маллаев ба забони арабӣ дар бораи асарҳои Пешвои миллат «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат –ҳастии миллат» ва «Аз Ориён то Сомониён» маълумот доданд. Инчунин, ба иштирокчиён оид ба асарҳои Пешвои миллат наворҳои омўзишӣ низ нишон дода шуд.
Дар баромадҳои худ муаллимони калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Сайфидинова Р.Б. ва Рустамзода З.Р. қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо омўзиши амиқи асарҳои Пешвои миллат ва ба ин васила эҳтирому арҷгузорӣ ба осори пурҳикмати эшон ва эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории Сарвари давлат мебошад.

Шуъбаи таҳлил вар обита бо ҷомеа

You might also like