Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Деваштич
Имрӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мулоқот карданд. Дар вохӯрӣ роҳбарону намояндагони донишгоҳу донишкадаҳо баромад карда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хешро ба хатмкунандагон муаррифӣ карданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода низ ба хатмкунандагон перомуни ихтисосҳо, шароиту имкониятҳо, раванди таҳсил дар донишгоҳ, имтиёзҳову дастгирии муҳассилин маълумот дод.
Қайд шуд, ки ДДҲБСТ аз муассисаҳои бонуфузи касбии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуда, аз 7 факултет, 29 кафедра иборат буда, дорои 43 ихтисосиҳои рақобатпазир мебошад.
Барои таҳсил дар донишгоҳ тамоми имкониятҳои моддию техникӣ муҳайё буда, барои донишҷӯёни аълохон Стипендияи раёсати донишгоҳ муқаррар шудааст. Ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмиллалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ пайваста қадршиносӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз санаи 09 феврал тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилоят мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.