Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан

17-феврали соли ҷорӣ дар Маркази таҳқиқоти давлатдории Пешвои миллат мизи мудаввар бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан» бо иштироки намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят подполковник Наимзода Фаридун Наим ва лейтенанти хурд Исломов Ифтихор Бахтиёрович, иштирокчии сохти конститутсионӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Ёқубов Ҷ.К., мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Ёқубов А. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоњии декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Акмалова М.А. оғоз гардид. Мавсуф меҳмононро ба Маркази таҳсилоти рақамӣ ва Маркази таҳқиқоти давлатдории Пешвои миллат, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Вумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, хайрамақдам гуфта, иштирокдоронро бо 30-солагии Қуввҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Подполковник Наимзода Ф.Н. дар баромади худ қайд намуд, ки агар ба таърихи таъсиси Қуввҳои Мусаллаҳ назар намоем шоҳиди он мегардем, ки ин ниҳоди муқтадири давлати соҳибистиқлоламон бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуда, то кунун барои ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар равона шудааст.
Сипас, иштирокчии сохти конститутсионӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Ёқубов Ҷ.К. ба сухан баромада зикр намуд, ки Артиши миллӣ дар муддати кутоҳ роҳи пуршарафи таърихиро пушти сар кард, ки он таърихан нодир аст. Новобаста аз лаҳзаҳои ҳассосу норасоиҳои моддию техникїэӣ артиши навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар замъи муборизаҳои шадиди ҳарбї, ки баҳри таъмини сулҳу субот равона шуда буд, 23-феврали соли 1993 таъсис ёфт.
Дар фарҷоми мизи мудаввар саволу ҷавоб бо намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят сурат гирифт, ки донишҷўён ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд ва изҳор доштанд, ки баъди хатми бомуваффақияти донишгоҳ ба хизмати Ватан мераванд.

You might also like