Баргузории он-лайн семинари омӯзишӣ оид ба озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – дар оинаи таърихи миллат”

16 феврали соли 2023 таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшеди Ҳабибулло тариқи он-лайн семинари омӯзишӣ оид ба озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – дар оинаи таърихи миллат” баргузор гардид. Дар семинари онлайнӣ роҳбарият донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар толори лексионии инноватсионии Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон раёсати донишгоҳ, масъулини баргузории озмуни мазкур дар донишгоҳ, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо дар семинари омӯзишии маҷозӣ ширкат карданд.

Иброз шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Бояд қайд кард, ки даври аввали озмуни мазкур дар  факултетҳои донишгоҳ баргузор гардида, ғолибон ба даври донишгоҳӣ роҳхат гирифтанд.

You might also like