Мулоқоти хатмкунандагон бо мутахассисони варзида

15 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби кафедраи молия ва қарз мулоқот бо мутахассисони соҳаҳои марбут ба ихтисоси молия ва қарз ташкил ва баргузор гардид. Дар ин мулоқот мутахассисони варзидаи соҳа, аз ҷумла сардори шӯъбаи муомилоти пулии Шуъбаи минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд – Абдуҳафиз Исматов, сармутахассиси шӯъбаи буҷетии соҳаи иҷтимоӣ, мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқи Сарраёсати молия дар вилояти Суғд – Зариф Очилӣ, мутахассиси пешбари шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд – Заррина Раҳмонова, ҷонишини директори Филиали ҶСК «Тавҳидбонк» дар шаҳри Хуҷанд – Ашурбоқӣ Қурбонов, мутахассиси пешбари шуъбаи қабули ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл» – Фирӯза Пулатова ва мутахассиси шуъбаи кадрҳои ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл» – Мадина Ҳасанова, роҳбарони таҷрибаомӯзии пешаздипломии хатмкунандагон д.и.и., профессор Даврон Бобоҷонов д.и.и., профессор Равшан Шокиров, н.и.и., дотсент Тӯхтабой Тӯхтаев н.и.и., дотсент Нигораҷон Раҳимова ширкат варзиданд.
Дар аввал мулоқотро мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Тӯхтаев Т.М. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин мақсади ташкил ва баргузории мулоқоти мазкурро иброз кард. Баъдан ҳар як мутахассисони соҳавӣ оид ба кору фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои марбута суханронӣ намуда, дар охир бо донишҷӯён саволу ҷавоби озод оид ба самти фаъолияти мутахассисони даъватшуда гузаронида шуд.
Дар охири мулоқот ба мутахассисони даъватшуда тӯҳфаҳои рамзӣ аз номи ректори ДДҲБСТ д.и.и., профессор Шарифзода М.М. тақдим карда шуд.

You might also like