Донишҷӯёни ДДҲБСТ роҳбарони гурӯҳи ҷавонони “Авангард”

Ду нафар донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Дилангез Холова ва Равшан Исмоилов ба вазифаи роҳбарони гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд таин гардиданд.
То ин дам масъулияти Роҳбарии гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар шаҳри Хуҷандро Холова Дилангез Ҷӯрабековна ба уҳда дошт. Номбурда барои фаъолияти пурсамари масъулияти бар душ доштааш дар мувофиқа бо дастгоҳи марказии гурӯҳи ҷавонони “Авангард”, Роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и вилояти Суғд таъин карда шуд.
Донишҷӯи дигари донишгоҳ Равшан Исмоилов ба роҳбарии гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар шаҳри Хуҷанд таин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбарии гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар вилояти Суғдро донишҷӯи дигари ДДҲБСТ Умар Наҷмиддинзода ба уҳда дошт ва бо хоҳиши худаш ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, имрӯзҳо хизмати Модар – Ватанро сарбаландона адо намуда истодааст.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аз ҷунин ҷавонони фаъолу ватандӯст ифтихор намуда, барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу менамояд.

You might also like